ИСТЕҲСОЛИ 14 МЛРД. КВТС НЕРӮИ БАРҚ ДАР ҶТ

Январь 17, 2011 16:14

    Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Сохторҳои зертобеи ШСХК «Барқи тоҷик» дар соли 2010 зиёда аз 14 миллиард кВтс нерӯи барқ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 417 миллион зиёд аст. Пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе 1,8 миллиард кВтс нерӯи барқ истифода намудааст, ки аз ин 1 миллиард кВтс-и он ба аҳолӣ рост меояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд.   Қобили зикр аст, ки зиёда аз 10,5 миллиард кВтс нерӯи барқ дар НБО Норак, 2 миллиард кВтс дар НБО Бойғозӣ, зиёда аз 1 миллиард кВтс дар силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш, 899 миллиард кВтс дар НБО-и Қайроқум, 48 миллиард кВтс дар силсиланерӯгоҳҳои дарёи Варзоб ва 34 миллиард кВтс дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе истеҳсол шудаанд.    Ҳамчунин, воридоти нерӯи барқ аз Ӯзбекистон зиёда аз 321 миллиард кВтс ва Қирғизистон 17,5 миллиард кВтс нерӯи барқро ташкил дод.   «Зикр кардан бамаврид аст, ки соли 2010 содироти нерӯи барқ кам шуд, ки сабабаш баромадани Тоҷикистон аз сохтори ягонаи барқии Осиёи Марказӣ арзёбӣ мегардад»,- иттилоъ дод манбаъ.

Январь 17, 2011 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!