ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби матбуотии Шӯрои адлияи ҶТ, дар соли 2010 барои беҳсозии шароити фаъолияти судҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ дар таъмиру барқарорсозии биноҳои судҳо, хариди маводи хоҷагию идорӣ, мебелу таҷҳизоти корӣ, таъмини сӯзишворӣ ва дигар хароҷоти хизматрасонии коммуналӣ 1 млн. 574 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст. Ба гуфти ҳамин манбаъ, то имрӯз барои сохтмони бинои суди ноҳияи Восеъ ба маблағи 932 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шуда, иншооти мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Барои сохтмони бинои суди ноҳияи Ванҷ, ки бар асари заминларзаи моҳи январи соли 2010 пурра хароб гардида буд, лоиҳаи сохтмонӣ ба маблағи 1 млн.30 ҳазор сомонӣ омода гардида то оғози моҳи январи соли 2011 ба арзиши 100 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2010 биноҳои суди ноҳияи Нуробод ва шаҳри Исфара бо тамоми шароити мусоиди корӣ ба истифода дода шуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






