«СОҲИБКОРБОНК» ҚАДАМҲОЯШРО УСТУВОР МЕКУНАД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) пешниҳоди маъмурияти муваққатии ҶСК “Соҳибкорбонк”-ро, ки барои рафъ намудани камбудиҳо ва беҳтар кардани вазъи молиявии бонк таъин шуда буд, баррасӣ намуда, ба хулосае омад, ки дар тӯли фаъолияти маъмурияти муваққатӣ тамоюли назарраси устуворшавии бонк мушоҳида гардид. Аз ҷумла, таснифи беҳтари сандуқи қарзӣ, баланд намудани сифати дороиҳо, такмили сатҳи ӯҳдадориҳо сари вақт ва пурра анҷом дода шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи сармояи танзимшаванда мусоидат намуданд. Вобаста ба ин, бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 январи соли равон, таҳти №3 фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ба итмомрасида ҳисобида шуда, ба роҳбарияти ҶСК “Соҳибкорбонк” пешниҳод карда шуд, ки барои идома додани беҳтаркунии вазъи молиявӣ, мутобиқ намудани он ба талаботҳои қонунгузорӣ ва меъёрҳои мақбули муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешад. Айни замон дида мешавад, ки роҳбарияти бонк дар ин самт қадамҳои устувор ниҳода, таҳияи нақшаҳои зарурӣ ва афзоиши сармояро ҳадафгирӣ намуда истодааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






