«СОҲИБКОРБОНК» ҚАДАМҲОЯШРО УСТУВОР МЕКУНАД

Январь 22, 2011 10:32

   Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) пешниҳоди маъмурияти муваққатии ҶСК “Соҳибкорбонк”-ро, ки барои рафъ намудани камбудиҳо ва беҳтар кардани вазъи молиявии бонк таъин шуда буд, баррасӣ намуда, ба хулосае омад, ки дар тӯли фаъолияти маъмурияти муваққатӣ тамоюли назарраси устуворшавии бонк мушоҳида гардид.     Аз ҷумла, таснифи беҳтари сандуқи қарзӣ, баланд намудани сифати дороиҳо, такмили сатҳи ӯҳдадориҳо сари вақт ва пурра анҷом дода шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи сармояи танзимшаванда мусоидат намуданд.     Вобаста ба ин, бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 январи соли равон, таҳти №3 фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ба итмомрасида ҳисобида шуда, ба роҳбарияти ҶСК “Соҳибкорбонк” пешниҳод карда шуд, ки барои идома додани беҳтаркунии вазъи молиявӣ, мутобиқ намудани он ба талаботҳои қонунгузорӣ ва меъёрҳои мақбули муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешад.    Айни замон дида мешавад, ки роҳбарияти бонк дар ин самт қадамҳои устувор ниҳода, таҳияи нақшаҳои зарурӣ ва афзоиши сармояро ҳадафгирӣ намуда истодааст.

Январь 22, 2011 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд