ТАСХИРГАРИИ ФАВВОРАИ РОҒУН

Январь 12, 2011 13:12

   Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори 20 –умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун боғи фарҳангу фароғатӣ бунёд мегардад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси шаҳри Роғун Муҳайё Юнусова иттилоъ дод. Боғи марказии фарҳангии шаҳр дар масоҳати беш аз 1 гектар доман густурда, бо чархофалакҳо ва дигар воситаҳои дилхушию фароғатӣ ҷиҳозонида шудааст ва он барои сокинони Роғуншаҳр тӯҳфаи хуб мегардад. Инчунин, бахшида ба ҷашни Истиқлолият дар маркази шаҳр меҳмонхона ва фаввора сохта мешавад, ки ба ҳусни шаҳр шукӯҳи хосса зам хоҳанд намуд.    Муҳайё Юнусова афзуд, ки теъдоди иншооти ҷашнии дар шаҳри Роғун ба нақша гирифта шуда беш аз 15 адад буда, барои сохтмони он аз буҷаи шаҳр зиёда аз 14 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бунёди иншооти ҷашнии шаҳр аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ ба анҷом мерасад. Теъдоди бештари сохтмонҳои ҷашнӣ иншооти ба бахши тандурустию фарҳанг, маориф, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии шаҳр марбут аст. Аз ҷумла, сохтмони обанбори оби нӯшокӣ дар ҷамоати шаҳраки Обигарм, сохтмони хонаи фарҳанги шаҳр, ки дорои осорхона, китобхона, бойгонӣ ва маркази эҷодии бачаҳо аст, сохтмон ва ба истифода додани бинои дуввуми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои 180 ҷой, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби №30, таъмири асосии беморхонаи марказии шаҳр, таъмир ва барқароркунии шабакаҳои гармидиҳии биноҳои бисёрошёнаи истиқоматии шаҳр ва толори варзишии шаҳр аз ҳамин қабиланд.  Инчунин, ҷиҳати ободонии шаҳр беш аз 10 км роҳҳои автомобилгарди дар самти шаҳр қарор дошта ва роҳҳои дохилӣ, ки шаҳрро бо деҳкадаҳои Ғофилободу Навобод мепайванданд, таъмир мегарданд.

Январь 12, 2011 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад