ТОЛИБИЛМОН ЧАРО АЗ МАКТАБ ДУР АФТОДААНД?
Душанбе, 10 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 5,5 ҳазор талаба алҳол дар ҷумҳурӣ аз мактаб дур мондаанд, ки қисмати бештари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ 10 январ ба хабарнигорон вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов. Ба андешаи вазир иллати асосии ин масъала камбудии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, оилаҳо мебошад, ки нисбат ба таълим ва тарбияи фарзандони худ бемасъулиятию бетарафиро ихтиёр кардаанд. Вазири маориф зикр кард, ки маълумоти мазкур тибқи таҳлили яке аз мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ дар бахши маориф ба даст омадааст. Вазир масъалаи мазкурро ҷиддӣ ва мубрам арзёбӣ карда афзуд, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», ки алҳол лоиҳаи он ба баррасии умумихалқӣ вогузор гардидааст, ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони аз хониш дур афтода дар ҷомеаи Тоҷикистон роҳи ҳалли худро пайдо менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






