ВОРИДОТИ 7920 ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ БА СУДҲО
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — « Дар соли 2010-ум 861 адад бекор намудани қарорҳои судӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ, гражданӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ба қайд гирифта шуд. Омили асосии бекоршавии қарорҳои судӣ аз нопурра будани далелҳои тасдиқкунанда, сабукии ҷазо аз рӯи таъинот, баҳснокӣ, розӣ нашудан бо банду басти парвандаҳо иборат мебошад»,- иброз дошт раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азизов дар нишасти матбуотие, ки 10 январ шуда гузашт. Соли гузашта ба судҳои ҷумҳурӣ 7920 парвандаҳои ҷиноӣ ворид гардид. Аз ин шумора 7184 адади он моҳиятан баррасӣ гардида, аз онҳо 5928 адад нисбат ба 7491 судшаванда бо баровардани ҳукми айбдоркунанда ҳал шудааст,- гуфт раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






