БО «ИСТ ЭЙР» БА ҲИНДУСТОН МЕРАВЕМ

Февраль 11, 2011 14:59

   Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ширкати ватании ҳавопаймоии «Ист Эйр» парвози мунтазамро байни шаҳрҳои Душанбе ва Деҳлӣ роҳандозӣ менамояд. Аз ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 15 феврал соати 8.40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ нахустин парвози мустақим бо тайёраи Boeing 737 аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба сӯи Деҳлӣ роҳ пеш мегирад.   Хатсайри нав ба Ҳиндустон ҳар ҳафта як маротиба рӯзи сешанбе сурат гирифта, нархи чиптаҳо аз Душанбе то Деҳлӣ 310 доллар ва аз Деҳлӣ ба Душанбе 322 доллар мебошад.   Мавриди зикр аст, ки ширкати ҳавонавардии «Ист Эйр» аз моҳи сентябри соли 2007 инҷониб фаъолият намуда, моҳи июни соли 2010 хатсайри мунтазами Кӯлоб –Маскав- Кӯлобро ба роҳ монд.    Ширкати ҳавонавардии «Ист Эйр» тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик хатсайрҳои Кӯлоб — Санкт-Петербург, Кӯлоб-Екатеринбург ва Душанбе- Исломободро ба роҳ монад.

Февраль 11, 2011 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад