ХУРСАНД БО ГЕРОИН ДАСТГИР ГАРДИД
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). – Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошим, соли таваллудаш 1985 Хурсанди Алидодро бо ҷурми даст доштан дар интиқоли маводи нашъадор боздошт намуданд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маводи нашъаовар аз борхалтаи дастии боздоштшуда ёфт ва мусодира гардид. Мувофиқи ташхиси озмоишӣ маводи мусодирашуда навъи героин буда, вазнаш 9 килограмму 14 граммро ташкил дод. Нисбат ба қонуншикан мувофиқи моддаи 200-уми Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад,- хабар дод манбаъ.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






