МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО ҶЕЙМС МЕТТИС

Февраль 10, 2011 10:53

  Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Артиши марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷеймс Меттисро ба ҳузур пазируфт.    Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.  «Мо ба муносиботи худ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоем ва ҷонибдори рушду густариши ҳарчи бештари робитаҳо дар арсаҳои гуногун ҳастем».   Аз ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.   Генерал ҷеймс Меттис ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли кишвари мо ба нерўҳои посдори сулҳ дар Афғонистон ва ба барқарорсозиии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар ин давлат арзи сипос намуд.  Таъкид гардид, ки татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқ ва пайвастани онҳо бо шабакаҳои нақлиётию барқии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон ба манфиати таҳкими амнияту субот дар минтақа хоҳад буд.  Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба пурзўр намудани мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон зоҳир карда шуд.

Февраль 10, 2011 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад