ТАВЛИДИ ДУБОРАИ АТЛАСИ ВАТАНӢ

Февраль 5, 2011 10:52

Душанбе, 5  феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Бегоҳии рӯзи  3 феврали соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ оид ба   рушди соҳаи пиллапарварӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.   Дар  ҷаласа Гул Шералӣ оид ба вусъат бахшидани корҳо дар соҳаи пиллапарварӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар самти тавсеа ва рушди тавлиди атласи ватанӣ сухан гуфта, зарурати истифода намудани тамоми имкониятҳоро дар   робита ба ин масъала таъкид намуд. Ҳамзамон, оид ба бартараф кардани камбудиҳо дар фаъолияти корхонаву муассисаҳои пиллапарварӣ, баррасии масъалаҳои марбут ба пилла бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни сармоягузорон ва истеҳсолкунандагони пилла, таъмини нақшаи истеҳсоли пилла, бахусус сари вақт пардохт намудани  музди меҳнати пиллапарварон   ибрози назар карда шуд.   Зимни таҳлили соҳа пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда, аз қабили зарурати зиёд кардани майдони тутзор, мубориза бо бемории оташак, сармоягузории саривақтӣ  ба соҳа таъкид гардид.           Дар мулоқот муовинони Вазири энергетика ва саноати ҶТ, муовини раиси вилояти Хатлон А. Баҳодуров, раиси идораи пиллаи вилояти Суғд Б. Домуллоев ва  масъулини соҳаи пиллапарварии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Февраль 5, 2011 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!