ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ НИҲОЛҲО ДАР БОҒИ ХУҶАНД
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 19 феврали соли равон дар боғи фарҳангӣ — фароғатии шаҳри Хуҷанд ярмарка — фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироати кишоварзӣ баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо дар кори ободонӣ ва кабудизоркунии гулбоғҳо ва бунёди боғу токзори нав равона гардидааст. Гуфтан ба маврид аст, ки дар чорабинии мазкур боғдорони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан — 598 ҳазор бех, Бобоҷон Ғафуров – 99,2 ҳазор бех, Конибодом — 22,2 ҳазор бех, Ашт – 13,8 ҳазор бех, Мастчоҳ – 6,7 ҳазор бех, Шаҳристон – 5,9 ҳазор бех, Ҷаббор Расулов — 4 ҳазор бех, Спитамен ва Зафаробод – 4,8 ҳазор бехӣ, Исфара – 4,5 ҳазор бех, Ғончӣ — 3,6 ҳазор бех, Кӯҳистони Мастчоҳ — 2 ҳазор бех ниҳолу қаламчаҳои себу зардолу, шафтолуву нок, току сафедор, туту хурмо ва дигар дарахтони сояафкану ороишӣ, инчунин, гулу буттаҳо ва тухмии гулҳо, дар маҷмӯъ имсол 769,5 ҳазор бех ниҳолро пешкаши харидорон намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






