ҲХДТ СОҲИБИ РАДИО МЕГАРДАД
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ояндаи наздик Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ радио ташкил менамояд. Назар ба иттилои мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ, масъалаи ташкили радиои ҲХДТ чанде пеш дар ҷаласаи Раёсати ҳизб, ки дар Душанбе баргузор шуд, баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки дар ин масъала пешниҳодҳо бояд баён шаванд. Усмон Солеҳ афзуд, ки дар шароити кунунии ҷомеаи Тоҷикистон таъсиси радиои ҲХДТ талаботи ҷомеа аст. Зеро мавҷи радио, ки хусусияти хоси фарогирии тамоми минтақаҳои кишвар ва оҷилиятро дорад, имкон медиҳад ҷиҳати таблиғу ташвиқи ормонҳо ва фаъолияти ҳизб нақши муассир бозад. Барномаҳое, ки дар радиои ҲХДТ таҳия ва пахш мегарданд, гуногун буда, мавзӯъҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию фароғатиро дар бар гирифта, аз фаъолияти густурдаи ҳизб дар минтақаҳои мухталифи кишвар ва навигарию рӯйдодҳои ҷумҳурӣ хабару гузоришҳо омода мегарданд. Мавриди зикр аст, ки ҲХДТ, ки роҳбарии онро Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, соли 1994 таъсис ёфта, алҳол дар сафи худ беш аз 130 ҳазор нафарро муттаҳид менамояд, ки аз ин шумора беш аз 50 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






