ҶАВОНОН- ОЯНДАИ МИЛЛАТ
Файзобод, 17 март. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Ба сардии ҳаво нигоҳ накарда соҳибкорону сохтмончиёни ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод бо дастгирии ҳукумати маҳаллӣ ба сохтмони иншооти ҷашнӣ машғуланд. Тавре раиси ҷамоати мазкур Абдулҳамид Шоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯзҳо дар ҳудуди ҷамоат 10 адад иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шудааcт. Соҳибкорон бо дастгирии Бонки рушди исломӣ ният доранд мактаб барои 600 хонандаро, ки дар деҳоти Заркамар бунёд шуда истодааст, дар арафаи ҷашни Наврӯз ба истифода диҳанд. Сохтмони мағозаю ошхона, дорухонаҳо, мағозаи нуқтаи фурӯши ангиштсанг, купрӯки калон аз болои дарёчаи Элок дар деҳаи Мӯъминобод, инчунин, 5 адад мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум дар ҳудуди ҷамоат низ бо вусъат ҷараён дорад. Абдулҳамид Шоев иброз намуд, ки дар ҷамоат ба соҳаи варзиш низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Варзишгарони ҷамоат дар мусобиқаи волейболбозон дар ноҳия иштирок намуда, сазовори ҷои аввал гардиданд. Дар оянда мо ният дорем, ки барои ҷавонон варзишгоҳи замонавӣ сохта, онро то ҷашни Истиқлолият ба истифода диҳем. Зеро ҷавонон ояндаи моянд,-афзуд А.Шоев.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






