АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МАТБУОТ
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Чун анъана, дар арафаи ин ҷашн аз тарафи вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ собиқадорони соҳа бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик 26 нафар собиқадорони матбуот ва кормандони нашриёт, муассисаҳои табъу нашр аёдат шуда, барояшон тӯҳфаҳои яквақтаи раиси вилояти Суғд тақдим гардид. Роҳбари хадамоти матбуоти раиси вилоят Мухтор Абдуллоев бо аъзои раёсати вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба манзили зисти собиқадорони рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Исроилҷон Исмоилов, Абдумуин Маҷидов, собиқадори рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» Авлиёхон Шукруллоев, собиқадорони рӯзномаи «Согдийская правда» Анна Колосова, Владимир Тарасов ва собиқадорони матбуот Хайринисо Ҷӯраева, Эркинҷон Аҳмадов ва Маҳмудҷон Бобоҷонов рафта, дар баробари муборакбодӣ бо иди матбуоти тоҷик ба онҳо аз номи раиси вилоят тӯҳфа супориданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






