ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ШБҲГ ИДМ ДАР НАВРӮЗИ ДУШАНБЕЮ ҲИСОР
Душанбе, 10 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Сидова).- 17 ва 18 марти соли равон дар Душанбе муколамаи байнифарҳангӣ доир ба ҷанбаъҳои муҳимтарини таҳсилот, ҷаласаҳои Раёсат ва Шӯрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва машварати ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти соҳавӣ баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ намояндагони кишварҳои ИДМ –Русия, Украина, Белорусия, Молдова, Арманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Назар ба иттилои сухангӯи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ дар доираи ИДМ баррасӣ мегарданд. Ноилшо Нуралиев афзуд, ки дар кори чорабиниҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова ва директори иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ Армен Смбатян ширкат меварзанд. Меҳмонон дар маросими таҷлили Наврӯзи байналмилалии Душанбе ва Ҳисор иштирок менамоянд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






