ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ БО ҲАВОИ ОФТОБӢ

Март 17, 2011 17:50

   Душанбе, 17 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Рӯзҳои  истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз -20-21-уми  март ҳаво дар ҷумҳурӣ  бебориш ва офтобӣ буда, ҳарорати ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад». Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Мавсуф гуфт, ки боридани барф  санаи 17 март  дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи раванди воридшавии ҳавои сард  ба амал омада, он чун солҳои қаблӣ ҳавои муқаррарист ва аз шиддатёбии равандҳои атмосферӣ шаҳодат медиҳад.    Бо вуҷуди оне, ки рӯзҳои 13-14 март дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 30 -31 дараҷа боло рафт, вале рӯзи 16-уми март ҳарорат якбора паст фаромада дар ноҳияҳои кишвар аввал борон ва баъдан рӯзи 17 март барфи тар борид.    Бояд гуфт, ки боридани барфи тар   барои соҳаи кишоварзии кишвар зарар намерасонад, афзуд Ҷамила Байдуллоева. Боридани барф дар фасли баҳор дар моҳи майи соли  1980 (барфи тар) ва 5 апрели соли 1994, ки баландиаш ба 10 см мерасид, дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки он барои иқлими Тоҷикистон ғайримуқаррарӣ буд.    19 март дар бархе аз ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ  борон меборад. Ҳарорати ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.              Рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ҳаво дар миқёси ҷумҳурӣ 15-20 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо   4-9 дараҷа гарм ва дар минтақаҳои баландкӯҳи  кишвар  аз 3 дараҷа хунукӣ  то 2 дараҷа гарм мешавад.

Март 17, 2011 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад