КӮМАК БА НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ НАВРӮЗ
Хоруғ, 17 март. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Бо қарори Юнеско Наврӯзи Аҷам мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар Бадахшон Наврӯз имсол бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи 22 — юми март Наврӯз дар ноҳияи Ванҷ таҷлил мегардад. Дар ин ҷо мусобиқаҳои суннатии варзишӣ ва барномаи рангини ҳунарӣ пешкаши иштирокдорони ҷашн гардонида мешавад. Бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, идораву муассисаҳо ва нафарони саховатпеша дар арафаи ҷашни Наврӯз хатнасури 500 нафар кӯдак ва 50 ҷуфт тӯйи арӯсию домодии фарзандони оилаҳои камбизоат гузаронида мешавад. Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ дар арафаи ин ҷашн ба 600 нафар оилаҳои ниёзманд кӯмаки молиявию моддӣ мерасонад. Айни замон дар майдонҳои варзишии шаҳру навоҳии вилоят аз рӯи намудҳои волейбол, баскетбол, тӯби дастию гӯштин ва дигар намудҳои варзишӣ вохӯриҳо шурӯъ гаштаанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






