КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ БДА

Март 3, 2011 10:02

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ҷамъиятии «Гурӯҳи Эмерҷенс» се курси ду ҳафтаинаи омӯзиширо барои кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гузаронид. Курсҳои омӯзишӣ дар моҳҳои декабр, январ ва феврал барои  45 нафар корманди милиса аз тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ доир гардиданд.  25 феврал курси сеюм ва дар айни замон охирини даври омӯзишӣ ба охир расид. Чаҳордаҳ нафар корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ аз вилоятҳои Хатлон, Суғд,  ВМКБ, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе  курси дуҳафтаинаи дар муддати кӯтоҳ омодасозии нозирони ояндаро бомуваффақият ба анҷом расониданд.       Иштирокдорони курсҳои мазкур зимни омӯзиш таҷрибаи ба ҳолатҳои гуногуни бӯҳронӣ мутобиқ намудан  ва муҳофизати худ аз ҳама гуна хатарҳоро ҳосил намуданд. Зимни баргузории тренинг ба кормандони БДА кор бо ҷамъият барои мустаҳкам намудани муҳофизатро омӯзонида, ҳамчунин, таҷрибаи онҳоро дар самти расонидани кӯмаки аввалину таъҷилии тиббӣ  ва машқҳои худмуҳофизатии онҳоро мукаммал гардониданд.

Март 3, 2011 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!