МАРКАЗЕ, КИ БО ЛОЙ ТАБОБАТ МЕКУНАД

Март 17, 2011 10:48

Кӯлоб,  17 март. (АМИТ «Ховар»,  С.Холов). –   Дар  арафаи  ҷашни  байналмиллалии  Наврӯз   дар  беморхонаи  вилоятии  №2 – и  шаҳри  Кӯлоб  боз  як  маркази  табобатии  физиотерапевтӣ  ба  фаъолият шурӯъ   намуд.   Дар  маркази  мазкур, ки дар  таҳхонаи  бинои  беморхона ҷойгир  шудааст,  мизоҷон имконият доранд   аз асбобҳои  барқӣ  барои  варзишу обутоб   додани  бадан,  ҳамчунин, аз электрофарез, парафин ва  лойи  табобатӣ  истифода намоянд. Бояд гуфт, ки дар  маркази мазкур дар як навбат   беш  аз  35  нафар   шаҳрвандон ба табобат фаро гирифта шуда  аз  хизматрасонии  маркази  мазкур   баҳра мебардоранд. Ҳамчунин,  самти   дигари  маркази  физиотерапевтӣ ба табобати  кӯдакони  гирифтори   бемориҳои  гуногуни  системаи  асаб  ва  фалаҷ  равона гардидааст. Дар назар аст, ки    барои боз  ҳам  беҳтар   намудани  сатҳу  сифати  хизматрасонии тиббӣ дар беморхонаи мазкур тибқи нақша  нуқтаҳои   дигари  тибобатӣ ба  истифода  дода  мешаванд.

Март 17, 2011 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!