ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ ҲИСОБОТ МЕДИҲАД
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — 11 март дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Душанбе баргузор мегардад, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина оид ба ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ҳисобот медиҳад. Дар ин хусус, 10 март дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ қарори марбута қабул гардид. Бояд зикр кард, ки мутобиқи Сарқонуни асосии кишвар Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳисобот доданро дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






