ТАЛОШ БАРОИ КУРСИИ ВАКИЛӢ
Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории интихоботи миёндаврӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе омодагӣ мебинад. Назар ба иттилои роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов, санаи баргузории интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи интихоботии №4 дар ҷаласаи ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ, ки дар назар аст 15 март баргузор шавад, муайян мегардад. Бояд зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи интихоботии №4 Сино пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили палатаи поёнии парлумони мамлакат Шермуҳаммади Шоҳиён аст, ки ӯ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон охири феврали соли 2011 Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






