ҒОЛИБОНИ ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД МУАЙЯН ШУДАНД
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Тавре иттилоъ додем, 8- 9 апрели соли ҷорӣ дар доираи бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар мусобиқа оид ба гӯштини тарзи озод ба анҷом расид. Дар рафти чорабинии мазкур 50 нафар варзишгарон аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, дар вазнҳои инфиродии зайл, яъне Раҳимов Сайёд ва Гавҳар Вистодакова дар вазни 55 кг, Фарҳод Усмонзода дар вазни 60 кг, Рустам Рамазонов дар вазни 66 кг, Воҳидов Сомиршо ва Қаҳҳоров Дӯстмурод дар вазни 74 кг ғолиб омаданд. Аз ҳисоби даставӣ дар зинаҳои мазкур: 1. Душанбе- 1 бо 6 медали тилло ва 1 медали нуқра 2. Хатлон- 1 бо 1 медали тилло, 1 нуқра ва 2 медали биринҷӣ 3. Душанбе- 2 бо 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ 4. ШНТМ бо 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ 5. Хатлон- 2 бо 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ 6. ВМКБ бо 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ 7. Суғд бо 2 медали биринҷӣ дар ҷадвали бозиҳои варзишӣ қарор гирифтанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






