ҲАФТАИ КИТОБ ДАР ТОҶИКИСТОН

Апрель 6, 2011 14:58

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-  Имрӯз дар китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби Насим Раҷаб «Ҳикояҳо дар бораи адибон» бо иштироки муаллиф баргузор гардид. Китоби мазкур навидест ба насли наврас. Нависандаи хушкалом бо сабку услуби хоса хонандаро бо дунёи рангини аҳли қалам ошно менамояд. Насим Раҷаб муаллифи «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд», «Вақте ки театр мегирифт», «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Тиллои зери дарахт» ва асарҳои мунтахаб дар ду ҷилд  мебошад. Муаллиф дар китоби «Ҳикояҳо дар бораи адибон»,   ба қавли бузургмарде суханро бо сухане зам намуда, хотираҳои рангинеро, ки давоми 50 соли фаъолият дар рӯзномаи «Анбоз» дар хаёлаш нақш бастаанд,  ба хонандагон пешкаш намудааст. Ҳамчунин,  худи ҳамин рӯз  дар Гимназияи  №1-и шаҳри Душанбе бахшида ба иди китоб дар мавзӯи «Наврӯзи Тоҷикистон» композитсияи адабӣ-мусиқӣ баргузор шуд. Иштирокдорони он  дар васфи Наврӯз шеърҳо қироат намуданд ва сипас  саволу ҷавоб дар мавзӯи Наврӯз байни хонандагон ва адибон баргузор гардид. Ҳамчунин таҳти унвони «Китобҳои тозанашр» намоиши китобҳо доир гардид. Чорабинии фарҳангии дигар дар қасри фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ гузашт. Бахшида ба 75-солагии шоир Алӣ Бобоҷон маҳфили адабӣ-бадеӣ дар мавзӯи «Шоири равшанзамир» бо иштироки адибону ҳамқаламони шоир  баргузор гардид.  Дар доираи маҳфил қироати шеърҳо аз эҷодиёти шоир ва саволу ҷавоб аз ҳаёт ва эҷодиёти Алӣ Бобоҷон  сурат гирифта сипас намоиши   «Фархунда бод иди китоб» доир гардид. Бо ташаббуси кормандони китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва ҷашни  20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод маҳфили адабӣ таҳти унвони «Гарам шоир намезодӣ» бахшида ба 70- солагии шоир Лоиқ Шералӣ бо иштироки адибон баргузор гардид. Нахуст аз эҷодиёти шоир шеърҳо қироат шуда, сипас саволу ҷавоб   дар мавзӯи «Китоб – оинаи фазлу камол» доир гардид. Ёдовар мешавем, ки  маҳфилу чорабиниҳои  мазкур дар доираи барномаҳои фестивали  ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» гузаронида шуда, мақсади асосии баргузории чорабиниҳо  кӯмак расонидан ба тарбияи ҳуқуқию маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, фарҳангӣ ва касбии  насли наврас мебошад.

Апрель 6, 2011 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад