БАРТАРАФСОЗИИ ХАВФИ РАВАНДҲОИ ЭКЗОГЕНӢ-ГЕОЛОГӢ
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Аз ҷрниби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми шимолии Тоҷикистон дар объектҳои хоҷагии халқи ноҳияҳои Ғончӣ ва Панҷакент мушоҳидаҳои санҷишӣ гузаронида шуданд ва зимни гузаронидани он 14 объект санҷида шуд. Дар 8 объекте, ки дар шаҳри Панҷакент аз офати табиӣ ва омадани сел зарар дида буд, мушоҳидаи реҷавӣ гузаронида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иттилоъ дод. Дар қисми ҷанубии Тоҷикистон мутобиқи нақша корҳои мушоҳидавии муҳандисию геологӣ дар мавзеъҳои ноҳияҳои Хуросон (13 деҳа), Файзобод (1 деҳа), Ваҳдат (1 деҳа), Панҷ (4 деҳа) ва шаҳри Душанбе гузаронида шуданд. Дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти муҳандисию геологии мавзеъҳо аз ҷойҳои хавфноки таъсири равандҳои экзогенӣ-геологӣ дошта кӯчонидани 22 хоҷагӣ пешниҳод гардид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






