Ҳисоби вақт то оғози Бозиҳои олимпии соли 2012 сар шуд

Июль 29, 2011 10:47

Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 27 июл дар қароргоҳи СММ Котиби генералӣ Пан Ги Мун ва намояндаи доимии Британияи Кабир дар СММ Марк Лайалл Грант ба ҳисоби вақт то оғози Бозиҳои олимпии 2012 шурӯъ намуданд.Маросими ба кор андохтани соат – нусхаи кӯчаки соати калони олимпӣ, ки моҳи март дар майдони Трафалгари шаҳри Лондон гузошта шуд, бо иштироки даванда Карл Люис сурат гирифт.Сарвари СММ хотирнишон сохт, ки Лондон аввалин шаҳре мегардад, ки Бозиҳои олимпиро се маротиба — дар солҳои 1908, 1948 ва 2012 мепазирад. Пан Ги Мун зикр намуд, ки бозиҳои олимпӣ ба рушди устувори варзиш мусоидат менамоянд ва итминон дод, ки ин самтро авлавияти кори худ қарор медиҳад.Хотирнишон месозем, ки то имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2012 ҳамагӣ як роҳхат дорад, ки онро ҳам гурзандоз, президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров ба даст овардааст.

Июль 29, 2011 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад