600 000 китоб барои Китобхонаи миллӣ

Июль 25, 2011 15:46

Душанбе, 25 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Беш аз 600 ҳазор адад китобу адабиёти гуногун аз ҷониби 67 вазорату идораҳо, муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ супорида шудааст. Бояд зикр кард, ки бобати мукаммал гардонидани Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ аз 27 майи соли 2011 тибқи супориши Ҳукумати  ҷумҳурӣ тақдими китобу адабиёт ба ин махзан идома дорад.       Мавриди зикр аст, ки Китобхонаи  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба номи А. Фирдавсӣ соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000 солагии муаллифи асари оламшумул «Шоҳнома» — Аблқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Соли 1993  Китобхона мақоми миллиро касб намуд.Алҳол дар маъхази Китобхонаи миллӣ  беш аз 3 миллион  китоб маҳфуз буда, дорои 35 ҳазор хонанда мебошад.

Июль 25, 2011 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад