Афзоиши қарзи хизмати обрасонӣ дар Кӯлоб

Июль 28, 2011 10:09

Кўлоб, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Иттиҳодияи истеҳсолии таъмиру истифодаи мелиоративии минтақаи Кӯлоб бо идораҳои давлатии хоҷагиҳои оби зертобеи Иттиҳодия барои обёрӣ кардани 60 ҳазору 621 гектар замини кишоварзӣ шартномаи тарафайн дорад, вале, мутаассифона, аксар масъулини идораҳо мувофиқи шартнома амал намекунанд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори  Иттиҳодияи мазкур Нурулло Худойдодов. Аз ин рӯ қарзи хизмати обрасонӣ дар шаш моҳ ба 16 млн. 681 ҳазору 488 сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд мебошад. Мавриди зикр аст, ки қарзи истифодабарии об дар ноҳияи Фархор ба 8 млн. 970 ҳазору 502 сомонӣ, дар Идораи давлатии хоҷагии оби Чӯбеки ноҳияи Ҳамадонӣ ба 3 млн. 194 ҳазору 855 сомонӣ, дар Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Восеъ ба 2 млн. 923 ҳазору 575 сомонӣ расидааст, ки ин ҳолат боиси иҷро нагардидани нақшаҳо гардидааст. Ҳамчунин зикр гардид, ки аз сабаби пардохт накардани маблағи хизматрасонии об вазъи тармиму таҷдид ғайриқаноатбахш буда, идораҳои давлатии хоҷагиҳои оби ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Мӯъминобод ва Ховалинг дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доранд.

Июль 28, 2011 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд