Афзоиши қарзи хизмати обрасонӣ дар Кӯлоб
Кўлоб, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Иттиҳодияи истеҳсолии таъмиру истифодаи мелиоративии минтақаи Кӯлоб бо идораҳои давлатии хоҷагиҳои оби зертобеи Иттиҳодия барои обёрӣ кардани 60 ҳазору 621 гектар замини кишоварзӣ шартномаи тарафайн дорад, вале, мутаассифона, аксар масъулини идораҳо мувофиқи шартнома амал намекунанд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Иттиҳодияи мазкур Нурулло Худойдодов. Аз ин рӯ қарзи хизмати обрасонӣ дар шаш моҳ ба 16 млн. 681 ҳазору 488 сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд мебошад. Мавриди зикр аст, ки қарзи истифодабарии об дар ноҳияи Фархор ба 8 млн. 970 ҳазору 502 сомонӣ, дар Идораи давлатии хоҷагии оби Чӯбеки ноҳияи Ҳамадонӣ ба 3 млн. 194 ҳазору 855 сомонӣ, дар Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Восеъ ба 2 млн. 923 ҳазору 575 сомонӣ расидааст, ки ин ҳолат боиси иҷро нагардидани нақшаҳо гардидааст. Ҳамчунин зикр гардид, ки аз сабаби пардохт накардани маблағи хизматрасонии об вазъи тармиму таҷдид ғайриқаноатбахш буда, идораҳои давлатии хоҷагиҳои оби ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Мӯъминобод ва Ховалинг дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






