Дастовези БМИМТ ба ҷашни истиқлол

Июль 20, 2011 17:17

Душанбе, 20 июл. «АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар доираи барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ  барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи  коммуналӣ» дар ҷумҳурӣ 15 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ сохта ва ба истифода дода мешавад». Ин матлабро Саидаҳмад Мирзоев, директори иҷроияи Бунёди  миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон /БМИМТ/ 19 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.Ҳадафи барномаи мазкур беҳтар намудани шароити таълим  дар мактабҳои таълимоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии минтақаҳои фарогири  барнома мебошад.Роҳбари БМИМТ афзуд, ки алҳол марҳилаи дуюми барномаи  мазкур, ки 20 ноҳияи вилояти Хатлонро фаро мегирад, амалӣ гардонида мешавад. Ҳаҷми умумии  маблағгузории марҳилаи дуюм 15, 9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар доираи марҳилаи дуюм татбиқи 38 лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки тибқи он 26 бинои таълимӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа бунёд гардида,  дар минтақаи Кӯлоб  12  бинои таълимӣ сохта мешавад. Бояд зикр кард, ки Бунёди миллии маблағгузории Тоҷикистон /ТАСИФ/ ҳанӯз соли 1997 бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар созмон дода шуда буд. Он соли 2002 ба БМИМТ табдили ном кард.

Июль 20, 2011 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!