Донишҷӯёни бозгашта дар куҷо таҳсил доранд?

Июль 26, 2011 11:21

Душанбе, 26 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргардонида шудаанд, алҳол дар курсҳои Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин матлабро Умаралӣ Назаров, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт. Мавсуф гуфт, ки ин донишҷӯён қаблан дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои Мисри Араб, Арабистони Саудӣ, Либия, Сурия, Яман, Эрон ва Донишгоҳи байналмилалии Африқо таҳсил мекарданд. Ба ақидаи Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон «яке аз проблемаҳое, ки ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯён дар Донишкади исломӣ халал мерасонад, ин ҳуҷҷатҳои зурурӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи таҳсил надоштани донишҷӯёни аз хориҷ баргашта мебошад». Бояд тазаккур дод, ки дар асоси супориши Сарвари давлат аз ҷумлаи 2 ҳазору 413 нафар донишҷӯёни ба таври ғайрирасмӣ дар кишварҳои хориҷӣ таҳсилдошта 1 ҳазору 951 нафарашон ба ҷумҳурӣ баргардонида ва то имрӯз 130 нафари онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Яке аз сабабҳои асосии аз кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргардонидани ҷавонони тоҷик ба баъзе гурӯҳҳои динию ифротгаро гаравидани онҳо будааст.

Июль 26, 2011 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад