Ходимони дин ба мисру Кувайт мераванд
Душанбе, 14 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Беш аз 300 нафар имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ҷумҳурӣ аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, донишҳои динии худро мукаммал гардониданд. Ин тадбир бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва такмили донишҳои онҳо аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид андешида шудааст. Ба имомхатибон дар курсҳои бозомӯзӣ мавзӯъҳои ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ, донишҳои ибтидоии динӣ ва тахассусӣ, таҳаммулгароии динӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, танзими оила, пешгирии бемориҳои сироятӣ, баробарии гендерӣ ва дигар арзишҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва шариати ислом омӯзонида шуданд.Имомхатибонро беҳтарин устодон- ходимони дин ва донишмандони шинохта аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Академияи илмҳо, Суди конститутсионӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, Маркази исломии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломӣ таълим доданд.Ҳамзамон Кумитаи оид ба корҳои дин барои баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва дониши кормандону ходимони дин ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи мусалмонӣ 5 нафар имомхатибони масҷидҳои ҷомеаи ҷумҳуриро ба Туркия фиристод. Назар ба иттилои Абдураҳим Холиқов, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, айни замон гуфтушунид бо масъулини давлатҳои Миср ва Кувайт ҷиҳати фиристодани имомхатибон бо мақсади бозомӯзӣ ба ин кишварҳо идома дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






