Имомҳои Душанбею Роғун аз санҷиш мегузаранд

Июль 12, 2011 14:02

Душанбе, 12 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-39 нафар сархатибон ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва ҷомеи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз санҷиш нагузаштанд. Дар маҷмӯъ, дар санҷиш 327 нафар сархатибону имомхатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва ҷомеи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Назар ба иттилои раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов комиссияи санҷишӣ аз ҳисоби уламои Маркази исломӣ, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ва Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфта буд.Ҳамзамон, аз ҷониби комиссияи мувофиқанамоӣ дар давраи ҳисоботӣ 95% имомони масҷидҳои панҷвақта аз мувофиқа гузаштанд. Зикр шуд, ки дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 347 масҷиди панҷвақта фаъолият дошта, имомони 2 ҳазору 902 масҷид ба раванди мувофиқа фаро гирифта шуданд, ки 2 ҳазору 835 нафар имомон аз санҷиш бомуваффақият гузашта, 67 нафарашон ноком гардиданд. Бо сабабҳои гуногун 373 имом дар санҷиш ширкат накарданд. Ҳамзамон, санҷиши 72 нафар имомони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳрҳои Душанбе ва Роғун дар ҳоли идома аст.Зикр шуд, ки инчунин дар ин давра санҷиши кормандони шӯъба ва бахшҳо оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба анҷом расид.

Июль 12, 2011 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад