Мулоқоти Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 27 июли соли 2011 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Залмай Расул баргузор шуд. Зимни сӯҳбати хосса ва мулоқот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ, ки дар фазои дӯстона ҷараён гирифт, масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои байни ду кишвари бародар ва ҳамсояи Тоҷикистону Афғонистон, инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафҳо ҳамаҷониба баррасӣ шуданд.Дар рафти гуфтушунид Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон омодагии кишвари худро ҷиҳати дар сатҳи олӣ баргузор намудани вохӯрии сарони кишварҳои чоргонаи Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон иброз намуд. Вобаста ба ин ҷонибҳо бар он буданд, ки масъалаҳои мубрами сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва омӯзишии байни чор кишвар ба манзури ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон ва рушду такомули минбаъдаи иқтисоди он мавриди баррасии чоргона хоҳад буд.Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаи таълим, инчунин омӯзиши касбиву техникӣ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои тахассусӣ барои хоҷагии халқи Афғонистон муҳим арзёбӣ намуданд.Тарафҳо масъалаи баргузор намудани Панҷумин конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V)-ро дар Душанбе дар таърихи 26-27 марти соли 2012 ҳамоҳанг намуда, иброз доштанд, ки барои анҷоми бомуваффақияти он тамоми саъю кӯшишро ба харҷ медиҳанд. Татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории дорои хислати минтақавӣ, аз қабили сохтмони роҳи оҳан, кашидани хати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи хоссаи ҷонибҳо қарор дошт. Тарафҳо ин лоиҳаҳоро барои рушди иқтисоди ҳар ду кишвар муҳим арзёбӣ намуда, аз анҷоми сохтмони хати интиқоли барқи 220-киловолтаи Сангтӯда-Пули Хумрӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҷиҳати густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвари дӯст ҷонибҳо таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳоро дар бобати рушди тиҷорати наздисарҳадӣ таъкид намуданд.Дар рафти гуфтушунид ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ табодули назар карда, ҷонибдории худро аз самарабахш гардонидани кори он изҳор намуданд.








Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?






