Мусодираи яроқ дар Хуҷанд
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Чанде қабл кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёт дар шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом дар наздикии ҷамоати деҳоти Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд Ҳусейн Баротовро дастгир намуданд.
Тавре аз ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми кофтукови шахсии номбурда аз кисааш 1-адад таппончаи берақам ва як адад корд дарёфт карда шуд. Инчунин ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии шаҳрванди номбурда ду адад туфанги шикорӣ пайдо ва мусодира карда шуд.
Доир ба ин қазия чораҳои зарурӣ андешида шуд.
Ёдовар мешавем, ки кормандони ВКД дар шаш моҳи соли ҷорӣ,ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 1994 «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 749 адад яроқи оташфишон , аз ҷумла 124 автомат, 100 адад таппонча, 93 адад камон ва карабин, 70 адад яроқи рахпеч, 335 яроқи суфтамил, 27 адад найзакорд ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ мусодира кардаанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






