Оғози моҳи шарифи Рамазон муқаррар гардид

Июль 25, 2011 15:54

Душанбе, 25 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 1 августи соли равон дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусулмонии ҷаҳон моҳи мубораки Рамазон оғоз меёбад. Оғози санаи моҳи шарифи  Рамазон дар асоси қарори ҷаласаи Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25 июл бо иштироки намояндагони  уламои  ҷумҳурӣ, имомхатибони шаҳру ноҳияҳои кишвар дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода баргузор гардид, муайян шуд.Оғози моҳи мубораки Рамазон дар асоси хулосаи олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми ҷумҳурӣ  ва марказҳои исломии кишварҳои дигари минтақа муқаррар гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Моҳи шарифи Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон меояд.Дар моҳи Рамазон мусулмонон рӯза медоранд, тоату ибодат менамоянд ва ба қироати Қуръони азимушшаън машғул гардида, қалби худро  аз кинаву кудурат, ҳасад,  дурӯғ  ва дигар амалҳои зишт пок сохта, ба кирдорҳои ғайришаръӣ,  хусусан авомфиребӣ даст намезананд. Хайру эҳсон ба  ятимону барҷомондагон  ва мардуми камбизоат  яке аз рисолатҳои моҳи шарифи Рамазон аст. Зеро як амали нек баробар ба як амали фарз аст ва як амали фарз баробар  бар 70 амали фарз аст.

Июль 25, 2011 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!