Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Турсунзода ва Шаҳринав

Июль 22, 2011 09:43

Душанбе, 22 июл. (АМИТ«Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Турсунзода ва Шаҳринав сафари корӣ оғоз кард. Мақсади сафар шиносоӣ бо рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар навоҳии номбурда мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 73 деҳаи Галаботури шаҳри Турсунзода иштирок намуда, лентаи рамзиро бурид. Бояд гуфт, ки таълимгоҳ аз се бинои дуошёна иборат буда, барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, он аз 16 синфхонаи таълимӣ, 2 утоқи озмоишӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона, толори маҷлис, толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ иборат аст. Барои сохтмони ин таълимгоҳ 6 миллион сомонӣ сарф шудааст.Ёдовар мешавем, ки сохтмони мактаб моҳи апрели соли 2008 оғоз ёфта буд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мактаби мазкур ба сохтмончиёни он изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки номи деҳаи Галаботур ба Истиқлол иваз шавад. Сафари Президенти кишвар дар ноҳияи Турсунзода идома дорад.

Июль 22, 2011 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад