Шикоят нест, чаро?
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотие, ки дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, сухан бештар аз пешрафт, истеҳсол ва рушди иқтисодии шаҳру ноҳия дар нимаи аввали соли 2011 садо дод. Бино ба гуфти раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин «Он ҷо, ки кор ҳаст, ҳамдигарфаҳмӣ ҳаст, шикоят нест». Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси шаҳр 5 ҳазору 926 адад дархости шаҳрвандон ворид гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 678 адад зиёд аст. Аз шумораи умумии аризаҳои воридгардида 1807 адад аризаҳои дархостӣ, 2925 адад аризаҳои дорои хусусияти таъинотӣ, 1099 адад ариза дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди иншооту манзил, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, ҳамагӣ 16 ариза мазмуни шикоятӣ доштанд. Дар ҳақиқат, ноҳия, ки беш аз 285 ҳазор нафар аҳолӣ дорад ва ҳамагӣ 16 нафари он бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кардааст, дар назар хеле фоизи ночиз менамояд. Аммо худи ҳамин миқдор ариза мазмуни онро дорад, ки дар кадом як зинаи роҳбарӣ беэътиноӣ нисбат ба 16 нафар ҳамдиёрони худ зоҳир шудааст, ки онҳо ба ҳукумати ноҳия бо шикоят муроҷиат кардаанд. «Мардум бояд бе арзу шикоят зиндагӣ ва фаъолият дошта бошанд, вазифаи мо зиндагиии орому осударо ба мардум фароҳам овардан аст»,- иброз дошт А. Вайсиддин дар охири нишаст ба хабарнигорони васоити ахбори омма. Дар ҳақиқат суханони раис дурустаст, зеро ноҳияи Ваҳдат дар ҷумҳурӣ ягона ноҳияе ҳаст, ки соли ҷорӣ аз қарзи давлатӣ (дотатсия) пурра баромадааст ва акнун мардум беқарз ба обод кардани ноҳия мепардозанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






