Тоҷикистон қувваи барқи зиёдатиро мефурӯшад

Июль 28, 2011 10:25

Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – ШСХК «Барқи Тоҷик» тайи шаш моҳи соли равон 6 миллиарду 799 миллион киловатт – соат қувваи барқ тавлид намуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 70 миллион киловатт – соат зиёд аст. Дар ҳамин давра талафи технологии қувваи барқ 1 миллиарду 158 миллион киловатт – соатро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 47,2 миллион киловатт кам мебошад. Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият дар нимаи аввали соли 2011, ки 27 июл баргузор гардид, рақамҳои зикршударо мисол овард. Абдулло Ёров ҷавобан ба саволҳои журналистон гуфт, ки ҳоло Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйири сохтори ширкат таҳия шудааст. Лоиҳаро вазорату идораҳои дахлдори мамлакат маъқул ёфта ва барои муҳокимаи он дар Ҳукумати ҶТ тавсия намудаанд.Дар мавриди масъалаи судури қувваи зиёдатии барқ зикр шуд, ки Тоҷикистон қувваи барқро ба воситаи хати баландшиддати 220 киловаттаи «Сангтӯда – Пули Хумрӣ», ки сохтмони он моҳи майи соли ҷорӣ пурра анҷом ёфт, ба Афғонистон интиқол доданист.Дар заминаи ин шартнома моҳҳои август ва сентябри соли равон интиқоли таносубан 20 ва 25 миллион киловатт – соат қувваи барқ оғоз меёбад. Абдулло Ёров зикр намуд, ки дар фасли зимистон ва, алалхусус ҳангоми ҷорӣ намудани реҷаи истифодаи қувваи барқ дар Тоҷикистон, ба Афғонистон қувваи барқ дода намешавад. ШСХК «Барқи Тоҷик» корро барои эъмори нерӯгоҳҳои хурди барқ ҷиҳати таъмини минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ бо қувваи барқ давом медиҳад.

Июль 28, 2011 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад