Толори нави варзишии раёсати сӯхторхомӯшкунӣ
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ифтитоҳи толори варзишии Раёсати сӯхторхомӯшкунии вилоят иштирок намуда, бо ҳайати шахсӣ ва кормандони ин муассиса мулоқот намуд. Бо ифтитоҳи ин толори варзишӣ кормандон имкон пайдо намуданд, ки ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла бокс, гӯштин, самбо ва тенниси рӯи миз машғул шуда, нерӯи ҷисмонии худро тақвият бахшанд.Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раёсати сӯхторхомӯшкунӣ бо таҷҳизоти зарурӣ, техника ва маводи дигари зарурӣ таъмин гардида, дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани сӯхтор фаъолияти пурсамарро ба роҳ мондааст.Қоҳир Расулзода аз толори навбунёди варзишӣ, майдончаи варзишӣ, аз техникаву таҷҳизот, воситаҳои оташнишонӣ ва маркази таълимии Раёсат дидан намуда, бо шароити кори хизматчиёни Раёсати сӯхторхомӯшкунӣ аз наздик шинос гардид. Раиси вилоят аз иқдоми ободкоронаи роҳбарияти Раёсат изҳори ризоият намуда, ба сӯхторхомӯшкунандагон барои хизматҳои арзандаашон изҳори сипос намуд ва онҳоро бо ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.Бояд гуфт, ки алҳол дар 18 шаҳру навоҳии вилоят бахшҳои Раёсати сӯхторхомӯшкунӣ пурсамар фаъолият менамоянд ва теъдоди умумии кормандону хизматчиёни онҳо 567 нафарро ташкил медиҳад.








МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд






