Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 28.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.








Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд






