ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шибит ба организми инсон чӣ фоида дорад?
ДУШАНБЕ, 28.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шибит аз навъҳои дастрастарин сабзаҷот буда, аз витаминҳо, флавоноидҳо, каротиноидҳо, нахҳо ва дигар антиоксидантҳо бой мебошад. Истеъмоли он организмро аз таъсири зараровари радикалҳои озод муҳофизат намуда, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунад. Инчунин бо илтиҳоб мубориза бурда, таъсири зидди саратонӣ дорад.
Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки истеъмоли шибит дар ҳолати тару тоза, хушк ва тухми он ғализиҳои меъдаро тоза намуда, дарди пуштро шифо мебахшад. Барги тоза, хушк ва ё тухми шибитро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, дарди гурдаро таскин бахшида, пешобро равон мекунад ва ҷигари заифро ба ислоҳ меоварад.
Ба гуфтаи мутахассисон, хӯрдани шибит барои узвҳои ҳозима фоидаовар мебошад. Он иштиҳоро оварда, кори рӯдаҳоро беҳтар месозад. Доруҳое, ки таркибашон дар асоси шибит омода шудааст, барои муолиҷаи метеоризм ва гастрит истифода бурда мешаванд.
Дар таркиби ин растанӣ витамини С нисбат ба ситрусҳо ду маротиба бештар аст. Ҳамзамон шибит дорои витаминҳои РР, тиамин, рибофлафин ва намакҳои минералӣ мебошад.
Муҳаққиқон исбот намудаанд, ки флавоноидҳо ва фитонсидҳои таркиби шибит организмро ба воситаи безараргардонии бактерияҳо муҳофизат менамоянд.
Шибитро дар хӯрок истеъмол карда, чун воситаи табобатӣ васеъ истифода мебаранд. Равғани аз тухмии ин растанӣ омодашуда яке аз элементҳои асосӣ ва ҳамешагӣ барои таҳияи лавозимоти ороишӣ маҳсуб мешавад. Онро ҳамчун маводи хушбӯйкунанда омехта менамоянд.
Ба гуфтаи мутахассисон, истеъмоли шибит чандон таъсири манфӣ ба организм намерасонад, аммо нафароне, ки гирифтори ҳассосияти ғизо мебошанд, фишори паст доранд ва занони ҳомила, ки гирифтори мушкилот ё ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ мебошанд, мебояд ҳангоми истеъмоли шибит аз эҳтиёт кор бигиранд. Истеъмоли барзиёди ин растанӣ метавонад фишорро паст кунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз шибит дар як рӯз то 25 грамм аст. Агар аз ин бисёр бихӯред, барои одамони гарммизоҷ зарар дорад, зеро мизоҷи шибит ҳам гарм аст. Шикамро боднок мекунад ва дилро беҷо месозад. Агар оберо, ки дар он шибит ҷӯшонида шуда бошад, аз ҳад зиёд ва бардавом бинӯшед, ба майна, чашм, меъда, хичак ва гурда зарар мекунад, яъне ин узвҳоро суст ва заиф мегардонад
АКС аз манбаъҳои боз








РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол






