Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Ҳасанзода бо дастовардҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар соли 2025 шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Зимни шиносоӣ бо намоиши дастовардҳои варзишии ноҳия меҳмонон бо варзишгарон суҳбат анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат вобаста ба дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ибрози андеша карда шуд.
Дар фарҷом якчанд мураббиён, варзишгарон ва ҷавонони фаъол бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






