Замин – моликияти истисноии давлат
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «Ҷиноятҳои вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунунии замин дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёд гардидааст»,- гуфт раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев дар нишасти матбуотие, ки 15 июл дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Номбурда иброз дошт, ки замин моликияти истисноии давлат маҳсуб мешавад. Дар нимаи аввали соли 2011 дар Суди олии ҷумҳурӣ 66 парвандаи ҷиноӣ нисбати зиёда аз 70 нафар қонуншикан мавриди баррасӣ гардидааст.Ҳамчунин дар ин давра ба мақомоти Суди олӣ 1352 арзу шикоятҳои шаҳвандон ворид гардидааст, ки аз ин миқдор 465 шикоят марбут ба парвандаҳои ҷиноӣ, 673 парвандаҳои шаҳрвандӣ, 198- то ба парвандаҳои оилавӣ ва 16- тоаш парвандаҳои маъмурӣ буда, 85, 5 фоизи онҳо ҳаллу фасл гардиданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи маънавиёти ҳуқуқии мардуми кишвар сол то сол боло меравад, арзёбӣ намуд Нусратулло Абдуллоев.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






