200 адад таҷҳизоти барқи офтобӣ тӯҳфа ба мардуми кӯҳистон
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Боз 200 адад таҷҳизоти барқи офтобӣ дастраси сокинони минтақаҳои кӯҳистон гардид. Ин навбат ба аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоии деҳаҳои ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 100 адад ва деҳаҳои Сари Камар, Мавлак, Олиҷгон, Санги Ҷувозак, Шаҳтут, кӯчаи Яхпули Тутқавул, Калтачинори шаҳри Норак 100 адад таҷҳизоти барқи офтобӣ тақсим гардид. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо ташаббусу дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар доираи ҳамкориҳо ва муносибатҳои хориҷӣ бо кишвару созмонҳо ва ширкатҳо ба ҷумҳурӣ зиёда аз 2 ҳазор даста таҷҳизоти барқи офтобӣ ворид намуда буд. Тавре аз шӯъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, то имрӯз ба сокинони ноҳияи Айнӣ 85 адад, Кӯҳистони Мастчоҳ 40, Балҷувон 100, Ховалинг 100, шаҳри Норак 100 ва ба ноҳияҳои ВМБК 1,6 ҳазор таҷҳизоти барқи офтобӣ тақсим карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






