Баррасии қонуни IDRL дар Остона

Август 15, 2011 16:34

Душанбе, 15 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Як ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз масъулони Вазорати корҳои хориҷа, нерӯҳои марзбонӣ, Агентии сохтмон ва меъморӣ, Хадамоти гумрук, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, намояндагиҳои Барномаи рушди СММ (БР СММ) ва Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) дар Тоҷикистон ба шаҳри Остона сафар мекунад. Ин ҳайат Тоҷикистонро дар конфронсе, ки рӯзҳои 17-18 август дар Остона дар мавзӯи «Таҳия ва тақвияти асоси қонунии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда» баргузор мегардад, намояндагӣ мекунад. Ҳайат қабл аз сафар дар Душанбе ҷамъ омада, масъалаҳои марбут ба ин нишаст ва вазъи қонунҳои Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулоддаро баррасӣ кард. Ҳамоҳангсози барномаҳои мудирияти ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Шамсуддин Муҳиддинов роҷеъ ба аҳамияти нишасти Остона махсус таъкид карда, гуфт, ки ин нишаст бо ибтикори Федератсияи байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қазоқистон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, бо маблағгузории Комиссияи аврупоӣ баргузор мешавад. Ин дуввумин нишаст буда, ҳадафаш баррасӣ ва тақвияти қонунгузории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ аст. «Мавзӯи фаъолияти созмонҳои башардӯстона, фаъолияти мададгорон, овардан ва тақсими ёриҳои башардӯстона дар кишвари офатзада имрӯз яке аз мавзӯъҳои муҳим мебошад. Борҳо дар ҷаҳон ҳодисаҳое шудааст, ки бо рух додани офати табиӣ набуди заминаи қонунии фаъолияти ёрирасонҳо ва ироаи ёриҳои башардӯстона боиси мушкилот гардидааст», — тазаккур дод Ш. Муҳиддинов. Интизор меравад, ки ҳайати Тоҷикистон баъд аз бозгашт дар тарғиби Қонуни байналмилалии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда (IDRL) дар Тоҷикистон саҳм гузорад.

Август 15, 2011 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад