Боғи Уроншоҳ
Хоруғ, 26 август. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар даврони истиқлолият сокинони ВМКБ дар пешбурди рӯзгорашон кӯшишу ғайрати бешеро ба харҷ медиҳанд. Дар сафари навбатии хеш Президенти кишвар аз боғи сокини қарияи Навободи ноҳияи Шуғнон бобои Уроншоҳ дидан намуд, ки он дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр дар домани кӯҳсоре бунёд шудааст. Дар боғ 20 намуди себ, 21 намуди зардолу, инчунин намудҳои дигари меваҷот ва ниҳоли дарахтони сояафкан, аз ҷумла беду зарбед ва сафедор шинонда шудааст.Бобои Уроншоҳ дар ин ҷо инчунин ба парвариши 35 оилаи занбӯри асал шуғл дорад, ки дар ҳар мавсим аз ҳар қуттии он то 25 кг асали тоза мегирад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






