Бонки ҷаҳонӣ сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро 25 фоиз афзуд

Август 29, 2011 14:26

Душанбе , 29 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи гӯрӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ Йорг Фриденро ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот масоили рушди муносибатҳои дуҷонибаи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Йорг Фриден зимни суханрониаш дар ҳузури журналистон чунин гуфт:«Ман нахустсафарамро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансаби нав анҷом медиҳам. Чунин тасдиқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бароям басо хуш буд, ки муносибатҳои мутақобилаи Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хеле хуб қарор доранд.Ба қарибӣ Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифт он ҳаҷми сармоягузориеро, ки барои мақсадҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон тахсис мешавад, баробари қариб 25 фоиз афзоиш диҳад. Ин маблағҳо танҳо дар шакли қарзҳои бебозгашт ҷудо карда мешаванд. Дар давоми се соли наздиктарин ҳар сол барои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 60 миллион доллари ИМА ҷудо карда мешавад. Ин қарор ба туфайли дар кишвар хушсифат ҳал шудани масъалаҳои иқтисодӣ, ҳамчунин дар натиҷаи он қабул шуд, ки лоиҳаҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хеле назаррас дар амал татбиқ карда мешаванд. Ҳамчунин дар бахши ҳамкории молиявии байналмилалӣ, ки мақсад аз он рушди соҳаи инфиродӣ мебошад, корҳои зиёде фаъолона анҷом дода мешаванд. Ба назари мо барои расонидани мадад ба ширкатҳои шахсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамкорӣ бо Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ ҳар чӣ бештар вусъат дода шавад. Ба фикри мо дастгирии рушди бахши инфиродии мамлакати шумо басо муҳим аст. Мо дар мавриди дастовардҳои соҳаи ҳамкорӣ табодули афкор намуда, ҳамчунин рушди бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор додем. Бонки ҷаҳонӣ ҳамаи чораҳои инкомнпазирро мебинад, ки ба густариши ҳамаҷонибаи ин бахш мусоидат намояд».

Август 29, 2011 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад