Чжан Чунсян дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-23 августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфт.Пас аз мулоқот бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Чжан Чунсян дар сӯҳбат бо хабарнигорони ВАО иброз дошт, ки «Тоҷикистон ҳамсояи наздик, дӯсти нек ва шарики боэътимод аст. Миёни Тоҷикистону Чин созишномаҳои зиёд ба имзо расидаанд ва мо омодаем, ки робитаҳои дуҷонибаро тавсия бахшем».«Сӯҳбати мо бо Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба мавзӯъҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, роҳсозӣ, маориф, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва коммуникатсия ҷараён гирифт», -гуфт Чжан Чунсян.Мавсуф изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои Чин бо кишвари Тоҷикистон дар оянда низ самараҳои нек ба бор хоҳанд овард.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






