Дар Рашт 17 НБО сохта мешавад
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар ноҳияи Рашт дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ корҳои зиёд ба иҷро расиданд. Аз ҷумла ба масофаи қариб 2000 километр кашидани хати интиқоли барқ анҷом дода шуд, ки ин тадбирҳо вазъи таъминоти мардуми ноҳияро бо нерӯи барқ ба таври назаррас беҳтар гардониданд.Тибқи «Барномаи дарозмуддати сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар солҳои 2009-2020» дар ноҳияи Рашт сохтмони 17 нерӯгоҳи хурд ба маблағи умумии 40 миллион сомонӣ тавассути сармоягузориҳои давлативу соҳибкорони ватанӣ ба нақша гирифта шудааст.Тайи солҳои 1991 то 2011 дар ноҳияҳои водии Рашт бо ҷалби маблағгузориҳои давлатӣ ва сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ 33 адад нерӯгоҳҳои хурд сохта ба истифода дода шуд, ки иқтидори умумиашон зиёда аз 2000 киловаттро дар бар мегирад. Аз ин миқдор танҳо дар ноҳияи Рашт ҳоло 9 нерӯгоҳи барқи обии хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






